Вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳими бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар кишвар конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид

Вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳими бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар кишвар конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Декабр 20
15:03 2022

Имрӯз, 20 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи  тиббии профилактикии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳими бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар давоми солҳои 2020-2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар конфронс намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Конфронс дар шакли ҷаласаҳои сексионӣ дар самтҳои  санитарӣ, гигиенӣ, эпидемиологӣ, бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои ғайрисироятӣ доир гардида, як қатор мутахассисон доир ба самтҳои мавриди назар маърӯзаҳо намуданд.

Баъдан, доир ба маърӯзаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ бо ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд. Маҳз дар натиҷаи тадбирандешиҳо дар ин самт вазъи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ имруз дар кишвар муътадил мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,114
  • 1,242
  • 950,134