Дар соли 2022 316 нафар табибони тоҷик курсҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар гузаштанд

Дар соли 2022 316 нафар табибони тоҷик курсҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар гузаштанд
Январ 10
11:27 2023

Бо мақсади ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассисони соҳаи тибби кишварҳои гуногуни олам, ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони соҳа дар муассисаҳои таълимиву тиббии хориҷи кишвар  дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои тандурустии як қатор давлатҳои хориҷ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.

Дар доираи чунин ҳамкориҳо давоми соли 2022 316 нафар мутахассисони соҳаи тибби мамлакат курсҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2021 3 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки  соли 2022 дар муассисаҳои илмию таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 232 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 10,7% зиёд мебошад.

Акс аз бойгонии moh.tj)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 976
  • 1,242
  • 949,996