Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва суҳбати озоду ошкоро бо шаҳрвандон

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва суҳбати озоду ошкоро бо шаҳрвандон
Феврал 02
15:24 2023

Имрӯз, 2 феврали соли равон бо мақсади шиносоӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба  Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ташриф овард.

Зимни боздид номбурда аз рафти хизматрасонии тиббӣ дар ин марказ дидан намуда, инчунин бо наздикону пайвандони як қатор беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дод ва аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.

Аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти маркази болозикр ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми хоса дошта, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 908
  • 1,242
  • 949,928