Диққат: Даври дуюми омӯзишӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 баргузор мегардад

Диққат: Даври дуюми омӯзишӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба  сирояти COVID-19 баргузор мегардад
Феврал 16
10:48 2023

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Хадамоти федеролии Роспотребнадзори Федератсияи Россия тадқиқоти миллии даври дуюми омӯзишӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат сирояти COVID-19-ро аз  15  то 19 феврали  соли 2023 мегузаронад.

Хоҳишмандон барои иштирок дар тадқиқоти мазкур метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе ба марказҳои саломатии шаҳрии №1,8,9,10,12,13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), дар шаҳри Ваҳдат ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (МНДСЭ) ва беморхонаи марказӣ, дар шаҳри Ҳисор ба МНДСЭ, дар вилояти Хатлон ба МВНДСЭ (маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ)-и шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат намоянд.

Бақайдгирӣ дар назарсанҷӣ дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар ба таври электронӣ сурат мегирад.

Вобаста ба масъалаи мазкур агар савол доред, ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намуда, маълумоти дақиқро дастрас намоед.

Ташхис барои муайян намудани масунияти шаҳрвандон нисбат ба сирояти COVID-19 ройгон мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980