Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат се масъала мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат се масъала мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд
Феврал 25
16:24 2023

Имрӯз, 25 феврали соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ,  сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа се масъала,- “Натиҷагирӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” дар самти тавонбахшии маъюбон ва рушди экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар солҳои 2020-2022”, “Таҳлили  вазъи   хизматрасонии тиббӣ ба беморони эндокринологӣ дар муассисаҳои тандурустии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ва “То ба ҷои кор ҳозиршавии хатмкардаҳои солҳои  таҳсилии 2019-2022-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2020-2022-и коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамин тавр, доир ба масъалаи аввал-“Натиҷагирӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” дар самти тавонбахшии маъюбон ва рушди экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар солҳои 2020-2022” директори муассисаи мазкур Зафар Азизов маълумот дод.

Гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию  иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона намудааст.

“Мусаллам аст, ки фаъолияти Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2014 оғоз гардида, ҳамгироӣ бо соҳаи тандурустӣ собиқаи наздики нуҳсола дорад”-қайд намуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи солҳои охир дар заминаи ҳамкориҳои пайваста бо сохторҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ услуби коргузории кормандони бахши илмии муассиса бо дарназардошти таваҷҷӯҳи бештар додан ба соҳаи илмӣ таҷдиди назар карда шуда, ходимону муҳаққиқони пажӯҳишгоҳ иқтидори зеҳнии худро ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа роҳандозӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки мақсад ва вазифаҳои асосии пажӯҳишгоҳ аз гузаронидани корҳои илмию амалӣ, тадқиқотӣ ва клиникӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, экпертизаи тиббӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон дар ҷумҳурӣ мебошад.

Самтҳои фаъолияти пажӯҳишгоҳ анҷом додани корҳои илмию амалӣ, тадқиқотӣ ва клиникӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарини хифзи иҷтимоии аҳолӣ, экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, инчунин андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва коҳиши маъюбӣ, арзёбии имконияти тавонбахшӣ, инчунин баргардонидани шахси маъюб ба ҷомеа аз тариқи ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба “Таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони эндокринологӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ” Тоҳир Саъдуллозода баромад кард.

Зикр гардид, ки дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи  соли 2023, №36 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба  омӯзиши вазъи   хизматрасонии тиббӣ ба беморони эндокринологӣ дар муассисаҳои тандурустии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” аз 23-юми январ то 4-уми феврали  соли 2023 дар  вилояти  Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри  Душанбе  сафари корӣ анҷом дода шуда, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ ба беморони эндокринологӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Таҳлил нишон дод, ки айни ҳол  дар кишвар  6  муассиса, 12 шуъба ва 92 ҳуҷраи эндокринологӣ, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, 5 маркази эндокринологии вилоятӣ ва шаҳрӣ, 12 шуъба, 92 ҳуҷра дар назди марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ фаъолият менамоянд.

Дар солҳои 2021-2022  ҷиҳати  такмил  додани  барномаҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии касбии табибон, кормандони миёнаи тиб ва донишҷӯён оид ба эндокринология дар кафедраи эндокринологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ” 7 нафар ординатори клиникӣ, 4 – нафар табиб-интерна таҳсил намуданд ва 18  нафар табибон аз такмили ихтисос ва  5 нафар табибон  аз ихтисосгириии аввалия гузаштанд.

Дар заминаи кафедраи эндокринологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни  Сино» 1 нафар аспирант, 3 нафар докторант, унвонҷуён 2 нафар соли якум, 3 нафар соли дуюм,  10 нафар ординатори клиникӣ соли якум, 13 нафар соли дуюм, 8 нафар табиб-интерн дар шуъбаи эндокринологии Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳри №1»  ба номи Карим Ахмедов 3 нафар табиб-интерна таҳсил намуда истодаанд ва 3 нафар табибон аз такмили ихтисос гузаштанд.

Доир ба мавзӯъи сеюми ҷаласа сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат Саломуддин Юсуфӣ  маълумот пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки таъмини муассисаҳои тандурустии мамлакат бо мутахассисони баландихтисос яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, он дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар охир оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қабулҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри  бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 908
  • 1,242
  • 949,928