Россия: Иштироки намояндагони вазорат дар форуми “Ҷомеаи солим”

Россия: Иштироки намояндагони вазорат дар форуми “Ҷомеаи солим”
Март 24
17:53 2023

Рӯзҳои 23-24 марти соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти унвони “Ҷомеаи солим” форум баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва мутахассисон аз кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, рақамикунонии соҳа, рушди туризми тиббӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар анҷоми форум барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ аз номи вазири тандурустии Россия Михаил Албертович Мурашко вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Сипосномаи мазкур ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 738
  • 1,242
  • 949,758