Татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияи Данғара

Март 15
11:20 2023

Дар доираи фаъолияти бомароми Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ фаъолият мебарад дар рушду нумӯи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии як қатор минтақаҳои кишвар корҳои назаррасе пиёда гардидаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ, боло бурдани шароити корӣ дар муассисаҳои тиббӣ аз ҳадафҳои аслии татбиқи Лоиҳаи мазкур  дониста мешавад.   Дар солҳои охири фаъолияти Лоиҳа таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта ва бо таҷҳизоти муоссири тиббӣ таъмин намудани онҳо аз ҳадафҳои навбатии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, ки то ба соли 2020  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми Лоиҳа дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Гуфта мешавад дар баробари 15 ноҳияҳои пилотӣ нақши Лоиҳа дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон низ муассир дониста мешавад.

Мавриди зикр аст, ки аз аввали татбиқи Лоиҳаи   “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”  дар Марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳияи Данғара  дар доираи татбиқи механизмҳои асосии маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 187714,15  доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории Марказҳои саломатии деҳот ва Бунгоҳҳои саломатӣ пардохт карда шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кадрии муассисаҳои таҷрибавии ноҳия 94 нафар бо давраҳои омӯзишӣ оид ба принсипҳо ва механизмҳои асосии маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият  фаро гирифта шуданд.  Аз аввали татбиқи Лоиҳа бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия таҷҳизотҳои тиббиву маишӣ ба маблағи  29828,91 доллари ИМА, 93 адад борхалтаҳои тиббӣ  ба маблағи 35641,42 доллари ИМА, 27 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 929,47 доллари ИМА, 1 адад нақлиёти санитарӣ ба маблағи 61900,65 доллари ИМА, генератор ва обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 6255,0 доллари ИМА ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 298,01 доллари ИМА харидорӣ карда шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2022 ҳаҷми умумии маблағҳои  азхудшуда дар ноҳияи Данғара аз аввали соли 2022-   176 712,83   доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар ноҳияи  Данғара аз аввали татбиқи Лоиҳа  332 251,13  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки  фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бобати беҳтар намудани  низоми хизматрасонии муассисаҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияҳои пилотӣ ва хоссатан ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон    бомаром идома доранд.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 631
  • 1,242
  • 949,651