Баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ дар назди вазорат оид ба такмил додани механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила

Баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ дар назди вазорат оид ба такмил додани механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила
Июл 26
14:50 2023

Имрӯз, 26 июли соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва кумитаҳои мамлакат ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”,  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 3 майи соли 2014 таҳти №294 “Дар   бораи Барномаи давлатӣ оид ба  пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари дигар вазорату идораҳо вазифаву уҳдадориҳои муайяне муқаррар гардида, ҷиҳати  иҷрои як қатор ваколатҳо, аз ҷумла таҳия ва татбиқи тадбирҳои барномавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, амалигардонии тавсияҳои методӣ оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббию равонӣ, инчунин,  расонидани кӯмак ва хизматҳои  гуногуни иҷтимоӣ масъул мебошад.

Барои ҳалли масъалаҳое, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  вогузор гардидаанд, корҳои зиёде ба анҷом расида,  дар ин радиф ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии соҳавӣ низ таҳия ва ба тавсиб расонида шуданд.

Дар ҳамин радиф, яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам хеле актуалӣ ва ҳалталаб боқи мондааст, ин такмил додани механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ислоҳи рафтори шахсоне, ки содиркунандаи зӯроварӣ дар оила мебошанд ва дар ин самт тақвият бахшидани фаъолияти он ташкилоту муассисаҳое, ки дар сохтори вазорат дар ин самт фаъолият мекунанд, ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, дар доираи муқаррароти пешбининамудаи санадҳои болозикр зарурати дар назди вазорат таъсис додани як гурӯҳи кории байниидоравӣ ба миён омадааст.

Дар идома номбурда доир ба вазифа ва самтҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ маълумот дода, ҳамзамон бобати такмил додани вазифаҳои он миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,028
  • 1,242
  • 950,048