Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар

Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар
Август 01
13:24 2023

Ҳамасола моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар гузаронида мешавад. Соли равон ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ таҳти шиори «Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор» баргузор мегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили он бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз санаи 1 то 25 август ба нақша гирифта шудааст.

Бо ин мақсад имрӯз, 1 августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъулини вазорат, шарикон оид ба рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Ҷеймс П.Грант ғизодиҳӣ бо шири модарро «инқилоб барои кӯдакон» номида, иброз намудааст. Мутобиқи маълумоти пажуҳишҳо (2016с.), беҳтаргардонии амалияи синамаконӣ ҳамасола метавонад 823 ҳазор ҳодисаи фавти кӯдакони синни то панҷсоларо пешгирӣ намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб, Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август баргузор мегашт. Соли равон бошад, бо мақсади таваҷҷуҳи фаъоли табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан модарон, падарон, бобову бибиён ва  парасторон ин чорабинӣ аз 1-ум то 25 -уми августи соли равон идома меёбад.

Бо назардошти он, ки мавзӯи имсолаи гузаронидани чорабинӣ ба фароҳам овардани шароит барои синамаконии кӯдакон дар ҷойи кор бахшида шудааст, мақсаду моҳияти синамаконӣ аз роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳое, ки дар онҳо занони ширмакон фаъолият менамоянд, масъулияти баланди роҳбарӣ ва коргузориро талаб менамояд. Бо назардошти он, ки солимии модар ва кӯдак дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосаро дорад, роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳоро зарур аст, ки дар ҷойи корӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои занони ширмакон ҳаматарафа мусоидат намоянд.

Таваллуди кӯдак – хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз рӯзи аввали ҳаёт масъалаҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак, ҳолати саломатӣ ва тарбияи кӯдак ба миён меоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон инро баназар гирифта “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 – 2025” таҳия намуда дар амал татбиқ карда истодааст. 1000 рӯзи  аввали ҳаёти кӯдак ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то синни 2 солагии кӯдак баҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-рӯҳии кӯдаконро дарбар мегирад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,036
  • 1,242
  • 950,056