Дар бинои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохурии сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падпалковники адлия, Муқимӣ Нигора, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, падпалковники милитсия Алишерзода Фирдавс Алишер ва Прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҷовидон бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт, ки дар он ҳамзамон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок намуд.
Бояд қайд намуд, ки айни ҳол ба хотири фаъолияти мунтазам ва самараноки кормандони соҳа ва роҳ надодан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дорад.
Ҳамчунин, дар ҷодаи пешгирии чунин ҳолатҳо аз ҷониби вазорат низ фармоишҳо вобаста ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ амалӣ шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки вобаста ба пешгирии кирдорҳои ношоям дар асоси нақша-чорабиниҳои байниидоравӣ аз ҷониби сохторҳои марбута чандин маротиба бо кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқоту машваратҳо ҷиҳати роҳ надодан ба чунин амалҳо корҳои зиёде анҷом дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки давоми солҳои охир маҳз дар натиҷаи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ба маротиб коҳиш ёфта истодааст.
Дар идома меҳмонон низ доир ба паҳлуҳои гуногуни падидаҳои номатлуби замони муосир, пешгирии ҷиноят ва ҷинояткорӣ баромад намуданд.