Мусобиқаи ҳабдаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъбаст гашт

Мусобиқаи ҳабдаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъбаст гашт
Август 11
15:02 2023

Чун анъана дар  асоси фармоиши Вазорати  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 29  апрели  соли  2023,  №269  «Оиди гузаронидани мусобиқаи ҳабдаҳуми  футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи  касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи  футболи  мамлакат  аз   17  июн   то  10 августи  соли  2023,  мусобиқаи  ҳабдаҳуми  футболи хурдро  байни дастаҳои муассисаҳои  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба  зодрӯзи  олим, файласуф ва  ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар  майдончаи варзишии Маркази офият ва барқарорсозии “Пайрави Сино”-и шаҳри Душанбе  баргузор намуд. Дар мусобиқа  18 даста ва зиёда аз  200 – нафар футболбозон аз синни 25 сола то синни 60 сола  иштирок варзиданд. Доварии  қариб  90 – бозиҳои  мусобиқа  аз тарафи  доварони  дараҷаи ҷумҳуриявию байналмилалии Федератсияи футболи мамлакат ба анҷом расонида шуданд.

Маросими ҷамъбасти мусобиқаи мазкур санаи 10 августи соли равон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода,  Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи  касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Хаётзода, Аъзоёни Кумитаи тадорукот, варзишгарон, дӯстдорони футбол  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Ҳамин тавр, барои ҷойи сеюми мусобиқа тими Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо тими Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ қуваозмоӣ намуд, ки дар натиҷа тими хадамоти номбурда бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз омада, ҷои сеюми мусобиқаро ба даст овард.

Барои ишғоли ҷои аввал дастаҳои   Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЕВРОМЕД ба майдони рақобат ворид гардиданд. Бозӣ миёни тимҳои мазкур пурҷӯшу хурӯш ҷараён гирифта, рақобат дар вақти асосӣ бо ҳисоби мусовӣ, яъне 1 бар 1 ба поён расид. Дар натиҷаи задани зарбаҳои 11 метра тими Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби 5 бар 4 пирӯз омада, соҳиби Ҷоми калон, медалҳои тилло, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва   Ифтихорномаи  якҷояи Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон гардид.

Дар фарҷом баромадкунандагон Амирзода Абдухолиқ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Нурхон Хаётзода, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва сардовари мусобиқа, ғолибонро барои ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ ва бо туҳфаи хотиравӣ сазовор гардиданашон  аз номи Кумитаи тадорукот табрик намуда, ҳамагонро бо ҷашни  таърихӣ,  ҷашни 90 – солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ки дар арафаи ҷашни зодрӯзи олими бузург, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – “Рӯзи кормандони тиб” баргузор шуда истодааст,  табрик намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 972
  • 1,242
  • 949,992