Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаҳои сатҳи баланди СММ оид ба масъалаҳои тандурустӣ

Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаҳои сатҳи баланди СММ оид ба масъалаҳои тандурустӣ
Сентябр 25
16:31 2023
Аз 18 то 24 сентябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як қатор ҷаласаҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои тандурустӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи сатҳи баланди ин созмони бонуфӯз оид ба фарогирии умумии тиббӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз дошт, ки масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ дар Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд.
Аз ҷумла стратегияҳои мазкур ба баланд бардоштани баробарӣ ва самаранокии соҳаи тандурустӣ тавассути ташкили системаи ягонаи пардохткунанда, ҷорӣ намудани механизмҳои нави пардохти хизматрасонӣ нигаронида шудаанд. Ҳарчанд як қатор бахшҳои ҳуҷҷатҳои мазкур аллакай амалӣ карда шудаанд, аммо ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди сохтор дар ин самт ҳоло низ идома дорад.
То имрӯз бо мақсади пурзӯр намудани Барномаи амалкунандаи кафолати давлатии таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии тиббӣ категорияи имтиёзҳо барои табақаҳои камбизоат муайян карда шудааст.
Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи узви кишварҳои СММ доир ба мубориза бар зидди бемории сил низ иштирок ва суханронӣ кард.
Аз ҷумла номбурда зимни суханронии хеш иброз дошт, ки давоми солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи гирифторӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории сил бамаротиб коҳиш ёфта, дар ин баробар тадбирҳо барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ дар мамлакат боз ҳам пурзӯр карда шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими мубориза бо бемории сил-ин саривақт ошкор ва огоҳ кардани ҳодисаҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тавассути татбиқи стратегияҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар мамлакат таҷҳизотҳои ҳозиразамони сайёри рақамии рентгенӣ барои ошкор сохтани бемории сил мавриди истифода қарор доранд.
Барои баланд бардоштани самаранокӣ ва дақиқии ташхиси бемории сил дар Тоҷикистон технологияҳои инноватсионӣ ҷорӣ карда шудааст. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани технологияи GeneXpert, ки як воситаи ташхиси молекулавӣ дар самти ташхиси бемории сил ба шумор меравад, дар кишвар низ мавриди амал қарор дорад. Ин усули боэътимод имкон медиҳад, ки бемории сил ва шаклҳои ба дору тобовар ошкор ва табобати бемор саривақт оғоз карда шавад.
Дар идома номбурда доир ба дигар паҳлуҳои вазъи бемории сил дар Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар ин самт бо шарикон оид ба рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар низ ба ҳозирин маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Инчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи сатҳи баланди узви кишварҳои СММ оид ба пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш ба пандемия низ иштирок намуда, доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо сирояти нави Ковид-19 ва қадамҳои минбаъда дар самти пешгирии пандемия, омодагӣ ва вокуниш дар доираи татбиқи Қоидаҳои байналмилалии тандурустӣ баромад кард.
Дар маҷмӯъ, иштирок ва суханрониҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҷаласаҳои сатҳи баланди СММ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо созмону кишварҳои гуногуни олам дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732