Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар бахши тибби халқӣ ва саноати дорусозӣ густариш меёбад

Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар бахши тибби халқӣ ва саноати дорусозӣ густариш меёбад
Сентябр 26
15:19 2023

Имрӯз, 26 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода бо ҳайати Донишгоҳи  тибби анъанавии чинии  Чэнду ва ширкати чинии  дорусозии “Good Doctor”-и  Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд.

Нахуст Абдухолиқ Амирзода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давраи пандемияи Ковид-19 Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва табобати сирояти коронавирус кӯмаки хешро расонид.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш бой мебошад ва Ҳукумати мамлакат ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ва  рушди саноати дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахши тибби халқӣ  ва рушди саноати дорусозӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 744
  • 1,242
  • 949,764