Ҷамолиддин Абдуллозода бо медали Вишневский ва Сипосномаи Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ қадронӣ гардид

Ҷамолиддин Абдуллозода бо медали Вишневский ва Сипосномаи  Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ қадронӣ гардид
Октябр 05
09:08 2023
 4 октябри соли равон дар рафти баргузории Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ассотсиатсияи мазкур қадрдонӣ карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли фаъолияти 30 солаи хеш инак бори нахуст Конгресси номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аснои тақдими Медал ва Сипоснома масъулини Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ ба ҷониби Тоҷикистон баҳри истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои баргузории ин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Бояд гуфт, ки Конгресси мазкур то санаи 6 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 966
  • 1,242
  • 949,986