ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ 4 МАСЪАЛА ТАҲЛИЛУ БАРРАСӢ КАРДА ШУД

ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ 4 МАСЪАЛА  ТАҲЛИЛУ БАРРАСӢ КАРДА ШУД
Октябр 12
17:58 2023

11 октиябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа чор масъала-“Таҳлили вазъи воқеии фаъолияти шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, “Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони чашм дар муассисаҳои тандурустии мамлакат”, “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйиру иловаҳо аз 32 ноябри соли 2022, №548) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ва “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Доир ба масъалаи якум – “Таҳлили вазъи воқеии фаъолияти шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, сародори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат Илҳом Бандаев маълумот пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои асосии хизматрасонӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба он пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Давоми соли 2023 барои беҳтаркунии дастрасии хизматрасонии аввалия ба аҳолӣ дар умум 31 адад муассисањои кумаки аввалияи тиббию санитарї сохта шуда, дар 77 адад муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, 84 муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 96 муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таъмир идома дорад.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони чашм дар муассисаҳои тандурустии мамлакат”, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” Муминова М.Д. баромад кард. Гуфта шуд, ки соњаи беморињои чашм фаъолияти худро дар асоси дастурҳои клиникии ташхис ва табобати беморони чашм чї дар шароити статсионарӣ ва чї дар шароити дармонгоҳӣ ба роҳ мондааст.

Бо саъю кӯшиши сармутахассиси соҳа, табибон ва омўзгорони кафедра «Дастурҳои ташхисию табобатии клиникии бемориҳои чашм дар самти истифодаи гиёҳњои шифобахш дар сатҳи дармонгоҳӣ ва бистаринамоӣ» бо забонҳои тоҷики ва рӯсӣ «Таснифи оморӣ байналмилалӣ» ва «Луғати тоҷикӣ – русӣ – англисии бемориҳои чашм» таълиф гардидааст.

Дар айни ҳол «Дастурҳои ташхисию табобатии клиникии бемориҳои чашм» аз нав боздид кардашуда барои тасдиқ ба комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2023 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” ба як қатор навгониҳо аз қабили дар амалия ворид намудани усули нави гузоштани адасаи дохилии чашм, ворид намудани вискоэластикаи когензивӣ ҳангоми ҷарроҳии чашмпардаи оризавӣ, усули ба роҳ мондани адасаҳои дохили чашми намуди (торический), дар амалия ворид намудани адасаҳои иловагӣ ҳангоми нодуруст андозагирӣ ва фарқияти (диоптрия) таҷҳизоти ИОЛ- мастер ва ба роҳ мондани истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук ноил гардидаанд.

Вобаста ба масъалаи сеюм “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйиру иловаҳо аз 32 ноябри соли 2022, №548) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қурбонзода Қудратулло баромад намуд.

Камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандон дар асоси Методикаи махсус, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумњурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, муайян карда мешавад. Барои муайян намудани ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иљтимоӣ маълумоти зерин оид ба индикаторҳои некуаҳволии оилаи камбизоат ба инобат гирифта мешавад: ҳайати оила, шумораи умумии аъзои оила, шумораи маъюбони гурўҳи I, кўдакони маъюб, мавҷуд будани молу амвол, масолеҳи сохтмонии манзили истиқоматие, ки оила дар он истиқомат мекунад, дараҷаи маълумотнокӣ, маълумот дар бораи шуғл ва дигар даромадҳо. Маълумотҳо дар бораи индикаторҳои муайянкунандаи некўаҳволии оила бо воситаи барномаи компютерии автоматикунонидашудаи иттилоотїӣ (АСИСТ) коркард мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки вазорат вобаста ба кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ дар як моҳ 2 маротиба ҷаласаи маҷҷозӣ вобаста ба фаро гирифтани оилаҳои камбизоат ба Барномаи АСИСТ ва аз худ намудани маблағҳои кумакпулии унвонӣ ҷиҳати фаро гирифтани оилаҳои камбизоат мегузорнад ва қобили зикр аст, ки дар баъзе мавридҳо оид ба камбудиҳои такроршавандаи шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли бар раисони шаҳру ноҳияҳо мактуби тавзеҳоти ирсол менамояд.

Вобаста ба масъалаи чорум “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Мухторова П.Ш. маълумот пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2021, №566 қабул гардидааст, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо равона шудааст ва иҷроиши татбиқи бандҳои Барномаи мазкур дар нуҳ моҳи соли 2023-юм 85,0 %-ро ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 972
  • 1,242
  • 949,992