КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 10 РӮЗАИ ХУД НАТИҶАГИРӢ КАРДАНД.

КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 10 РӮЗАИ ХУД НАТИҶАГИРӢ КАРДАНД.
Октябр 12
17:59 2023

11 октябр дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе коршиносони байналмиллалӣ аз ташкилотҳои бонуфуз аз қабили Бюрои Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Кумитаи чароғаки сабз, Ҳамкории боздошти сил ва Созмони умумиҷаҳонии маводи доруворӣ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳавӣ, шарикони рушд, ва ташкилоҳои ғайридавлатӣ, ки дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолият менамоянд, ба ҳам омаданд.

Дар ҷамъомад гурӯҳи кории мутахассисони байналмилалӣ, нисбати дастовардҳо ва мушкилотҳои соҳа дар самти татбиқи миёнамуҳлати “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” маълумот ва тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз 2 то 11 октябри соли ҷорӣ бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи кории мутахассисони байналмилалӣ иборат аз 15 нафар барои баҳодиҳии миёнамуҳлати Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз як қатор сохторҳои тандурустӣ, аз ҷумла Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, “Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и ш.Душанбе, “Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил”, “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷароҳии қафаси сина”, марказҳои вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ва вилояти Суғд, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шањру ноҳияҳои Восеъ, Ҳисор, Рудакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Истаравшан дидан намуданд.

Инчунин дар рафти ташрифҳо ба шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, марказҳои ВНМО, ТТҲС оид ба пешгирӣ, дарёфт, ташхис, табобати бемрони сил, аз ҷумла шакли устувори сил, муоинаи алоқамандон аз манбаъҳои бемории сил ва гуруҳҳои зери хавф шинос шуданд.

Дар натиҷа гузориши пешакии фаъолияти гурӯҳи коршиносон ба ҷамъомадагон пешниҳод гардида, аҳли нишаст нисбати он фикру андешаҳои худро баён намуданд. Қарор қабул гардид, ки пас аз баргашт, Бюрои Аврупоии ТУТ гузориши ниҳоии баҳодиҳиро барои дар амал татбиқ намудани тавсияҳои мувофиқашуда ба унвонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол хоҳад намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 949
  • 1,242
  • 949,969