ТАҚДИМИ АВТОМАШИНОҲОИ ХИЗМАТРАСОН БА «МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА»

ТАҚДИМИ АВТОМАШИНОҲОИ ХИЗМАТРАСОН БА «МАРКАЗИ  ҶУМҲУРИЯВИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА»
Октябр 19
16:25 2023
Имрӯз, 19 октябри соли равон дар доираи амалисозии лоиҳаи муштараки “Тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон”, ки миёни Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Алянси Глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия татбиқ мешавад, маросими супоридани 9 адад автомашинаҳои Toyota Hilux ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор гардид.
Дар маросими қабули нақлиётҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир, Намояндаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Точикистон, шахси масъул дар амалигардонии Лоиҳаи Алянси Глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия «Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шодиев Далер иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ба шарикони рушд ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки автомашинаҳои дастрасшуда байни филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда, ҳазорҳо нафар аҳолии кишвар имконияти дастрасии беҳтар ба ваксинаҳоро пайдо хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 959
  • 1,242
  • 949,979