Боздиди Зулфия Абдусаматзода аз Маркази тиббии шаҳрии рақами 1 ба номи Карим Ахмедов

Боздиди Зулфия Абдусаматзода аз Маркази тиббии шаҳрии рақами 1 ба номи Карим Ахмедов
Декабр 11
11:34 2023
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлили вазъи кунуни соҳа, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 11 декабри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии рақами 1 ба номи Карим Ахмедов” ташриф овард.
Мавсуф зимни боздид бо фаъолияти шӯъбаҳои беморхона, ҳолати таҷҳизотҳои тиббие, ки чанде қабл бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, харидорӣ ва дастрас карда шуда буданд, таъмини беморон бо маводи доруворӣ ва хӯрокворӣ, ҳолати санитарию гигиении шуъбаҳо, бо таърихҳои беморон аз наздик шинос гардид.
Инчунин, дар беморхонаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 898
  • 1,242
  • 949,918