Оид ба минтақакунонии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила, ёрии таваллудӣ ва пас аз таваллуд мизи мудаввар баргузор шуд

Оид ба минтақакунонии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила, ёрии таваллудӣ ва пас аз таваллуд мизи мудаввар баргузор шуд
Декабр 12
13:20 2023

Дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №545 “Тартиби ба занҳо расонидани кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ” ҷиҳати баланд бардоштани дастрасии занони ҳомила ба нигоҳубини антенаталии сифатнок, ёрии таваллудӣ ва пас аз таваллуд имрӯз, 12 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба минтақакунонии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила, ёрии таваллудӣ ва пас аз таваллуд мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев, роҳбарони як қатор марказҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ  дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла амалӣ гардидани як қатор барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими дар ин самт қабулгардида аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба ин бахши муҳими соҳаи тандурустӣ дарак медиҳанд.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён оид ба минтақакунонии хизматрасонии тибби ба занони ҳомила, ёрии таваллудӣ ва пас аз таваллуд маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Бояд гуфт, ки мизи мудаввари мазкур пагоҳ низ идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760