“Раванди тавонбахшӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дастовардҳо”

“Раванди тавонбахшӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дастовардҳо”
Декабр 15
15:16 2023

Имрӯз, 15 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Раванди тавонбахшӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дастовардҳо” конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед конференсияро ифтитоҳ намуда, аз  ҷумла иброз дошт, ки ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани саломатии маъюбон бағоят калон мебошад.

Бояд гуфт, ки тавонбахшӣ ба кӯдакони дорои маъюбият имкон медиҳад, ки онҳо дар  оянда  мустақилона  зиндагӣ  намуда,  дар  ҷомеа  ҳамчун як шахси тавоно иштирок намоянд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 26 декабри соли 2018 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии  табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробон монда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ  таваҷҷуҳи  хос  зоҳир намуда, дар ин самт  тадбирҳои  саривақтиро  амалӣ  карда  истодаем».

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28 октябри соли  2016, № 455 Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Дар идома як қатор иштирокдорон доир ба самтҳои гуногуни масъалаи конференсияи мазкур бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 634
  • 1,242
  • 949,654