Ҷаласаи корӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи корӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Декабр 30
11:01 2023

Санаи 30 декабри соли равон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ, муассисаву агентӣ, хадамотҳои соҳавии зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Доир ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода баромад кард.

Гуфта шуд, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли равон доир гашт,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа,  ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Тавре Роҳбари давлат иброз доштанд, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат қайд гардид, ки маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Аз ҷумла дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки чанд рӯз пеш бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд:

“Кормандон дар биное, ки 60 – 70 сол пеш сохта шудааст, дар шароити бисёр номусоид кор мекарданд ва аксари воҳидҳои сохтории вазорат дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт фаъолият доштанд.

Акнун, ки шароити беҳтарин муҳайё гардид, бояд фаъолияти худро дучанду сечанд беҳтар намоянд.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.

Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд”,-қайд карданд Сарвари давлат.

Дар Паём ҳамзамон гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст.

Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст.

Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст.

Яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд.

Махсусан, барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад.

“Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам:

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад”,-  28 декабри соли равон иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласаи мазкур муовинони вазир Шодихон Ҷамшед ва Зулфия Абдусаматзода низ вобаста ба шаҳру баррасии нуқтаҳои муҳими Паём фикру мулоҳизаҳои хешро иброз доштанд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри рафъи мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 949
  • 1,242
  • 949,969