20 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи корӣ гуфта шуд, ки пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати решакан намудани ин падидаи номатлуб дар кишвар тамоми чораҳои муҳиму зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳо тартиб ва амалӣ шуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки доир ба масъалаи мазкур ҳафтаи ҷорӣ низ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарият ва кормандони таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ вохeрии онлайнӣ анҷом дода буд.