Тақдими озмоишгоҳи микробиологӣ ва хаймаи озмоишгоҳи сайёр ба вазорат

Тақдими озмоишгоҳи микробиологӣ ва хаймаи озмоишгоҳи сайёр ба вазорат
Январ 26
10:37 2024
25 январи соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маросими тақдими як адад озмоишгоҳи микробиологӣ ва хаймаи озмоишгоҳи сайёр аз ҷониби Федератсияи Россия ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
​Гуфтан ҷоиз аст, ки дар дохили нақлиёт ва хаймаи озмоишгоҳи сайёр тамоми асбобу таҷҳизоти озмоишгоҳии муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир маҳайё гардида, онҳо барои пешбурди фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат пешбинӣ гардидаанд.
Тавре зикр гардид, соли 2023 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар самти ҳифзи санитарию эпидемиологии аҳолӣ Созишнома ба имзо расонида ​ шуд.
​Ин кумакҳо низ тибқи банди дуюми созишномаи мазкур ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти пешгирии бемориҳои ниҳоят хавфнок ва ҳифзи санитарии худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) пешниҳод карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,039
  • 1,242
  • 950,059