Вохурии Зулфия Абдусаматзода бо кормандони соҳа ва боздид аз муассисаҳои тандурустии ноҳияи Қубодиён

Вохурии Зулфия Абдусаматзода бо кормандони соҳа ва боздид аз муассисаҳои тандурустии ноҳияи Қубодиён
Январ 31
16:24 2024

30 январи соли 2024 тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон  таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ва бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарон, директорон ва кормандони муассисаҳои тиббию тандурустии ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Ҷайҳун ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар оғози ҷаласа Зулфия Абдусаматзода дар бораи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сухан ронда, зикр кард, ки Роҳбари давлат дар раванди ироаи Паёми худ дар баробари таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун, ба самтҳои калидии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсиониро масъалаҳои ҳалталаби соҳа ном бурданд.

“Масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати  мамлакат қарор дорад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд мешавад, ки оянда генофонди миллат маҳсуб меёбад”,-қайд кард муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар идома таъкид шуд, ки роҳбарону кормандони соҳа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва маърифатнокии аҳолӣ оид ба низоми хизматрасонӣ, пешниҳоди маълумоти шаффоф вобаста ба нархномаҳои хизматрасонӣ, пешгирӣ ва коҳиш додани ҳодисаҳои фавт, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, иҷрои бандҳои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи одоби муошират байни кормандони тиб, тозагии гирду атроф ва муҳити зист, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ диққати ҷиддӣ ва амиқ диҳанд.

Ҳамчунин, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкории зичи шарикони рушд бо вазорат ёдовар шуда, ба намояндаи Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” ҷиҳати дастгирии ҳифзи саломатии модар, навзод ва кӯдак, ва тадбирҳои ғизоӣ, инчунин таҳкими иқтидори техникӣ ва ташкилии маҳаллӣ дар ҳамаи сатҳҳо дар 12 ноҳияи ғарбии вилояти Хатлон миннатдории хешро баён кард.

Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ пешниҳоду назарҳои худро иброз доштанд.

Ҳамзамон, бо мақсади таҳлил ва баррасии вазъи соҳа ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи марказӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, Шабакаи КАТС ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён” дидан намуд.

Аснои боздид Зулфия Абдусаматзода бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан соҳаи хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва корҳои анҷомдодаи Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” дар муассисаҳои номбурда шинос шуда, инчунин аз рафти табобати беморон низ дидан намудаву бо наздикон ва пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Дар ин замина, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз тарафи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 955
  • 1,242
  • 949,975