Гардиши гуруҳи кории вазорат дар муассисаҳои бистаринамоии ШНТҶ

Гардиши гуруҳи кории вазорат дар муассисаҳои бистаринамоии ШНТҶ
Феврал 09
07:53 2024
Тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва аҳолӣ имрӯз, 8 феврал гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарии сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир Давлатзода Холмирзо ба беморхонаҳои марказии як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Роғун, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Рудакӣ ташриф овард.
  Дар рафти боздид гурӯҳи корӣ бо фаъолияти ҳаррӯзаи муассисаҳои бистаринамоии шаҳру ноҳияҳои мазкур шинос шуда, бо беморон ва хешовандони беморони бистаришуда вохӯрию мулоқотҳо гузаронид.
Зимни мулоқотҳо гурӯҳи корӣ аз шароити беморхонаҳо, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, одобу муносибати кормандони тиб бо беморон ва хешовандони беморон пурсон ва вобаста ба сиёсати ғамхоронаи давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ёдовар шуд.
 Баъди гардиш ва омӯзиши фаъолияти ҳар як муассисаҳои бистаринамоӣ, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Давлатзода Холмирзо бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои болозикр ҷаласаҳо доир намуд.
Зимни ҷаласаҳо доир ба одоби муоширату муносибат бо беморон, баланд бардоштани сатҳи саводу салоҳият ва малакаҳои касбии кормандон, хусусан кормандони миёнаи тиб, тариқи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ ва амалӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони тиб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм тариқи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти дарки масъулияти гиромидошти арзишҳои миллию касбӣ ва ватанпарварӣ нисбат ба дигар арзишҳо, беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои назорати сифати табобат, таъминот бо таҷҳизотҳои муосир бо мақсади воридсозии навгониҳо дар ташхису табобати беморон суханронӣ ва сӯҳбати озод доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки сафари гурӯҳи кории вазорат дар дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 588
  • 1,242
  • 949,608