Имрӯз, 15-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сармутахассисони соҳавии вазорат вохурӣ намуд.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории вохурии роҳбарияти вазорат бо сармутахассисони соҳавӣ-ин ҷоннок намудани фаъолият, беҳтар ба роҳ мондани омодасозии мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, дар амал ҷорӣ намудани корҳои илмӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар мебошад.
Тавре зикр гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромад ва вохуриҳояшон аз собиқадорони соҳаҳои гуногун даъват ба амал меоранд, ки шогирд тарбия намоянд, донишу таҷрибаашонро ба онҳо омӯзонанд. Чунки кору вазифа барои ҳеҷ кас абадӣ нестанд ва танҳо кору амали нек ва шогирдони омода карда метавонанд номи шахсро барои ҳамешагӣ зинда нигоҳ доранд.
Дар ин замина, аз сармутахассисони соҳавӣ бори дигар даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати омодасозии шогирдон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста бо онҳ кор кунанд.
Дар навбати худ, сармутахассисони соҳавии вазорат иброз доштанд, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолияташонро аз пештара бештар ҷоннок намуда, баҳри рушди соҳаи тандурустии мамлакат саҳмашонро хоҳанд гузошт.