16-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳлили технологияҳое, ки дастрасиро барои шахсони дорои имконияти маҳдуд таъмин менамояд” мизи мудаввар доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, мутахассисони соҳа ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ рӯйхати воситаҳои ёрирасони Ташкилоти умумиҷаҳони тандурустӣ ва раванди таҳияи лоиҳаи нав мавриди баррасӣ қарор гирифта, мутахассисон дар гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои алоқаманди соҳаро таҳлил намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоии давлат ба шумор рафта, солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмардонаи Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.