Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори шӯъбаи стратегияҳо ва низомҳои тандурустии кишварҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Наташа Аззопарди Мускат

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори шӯъбаи стратегияҳо ва низомҳои тандурустии кишварҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Наташа Аззопарди Мускат
Феврал 20
09:36 2024

19-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо доктор Наташа Аззопарди Мускат, директори шӯъбаи стратегияҳо ва низомҳои тандурустии кишварҳо, Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мулоқот намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода нахуст меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки саҳми Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо дар тақвияти низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории низоми тандурустӣ, пурзур намудани захираҳои инсонӣ, дастрасӣ ба доруворӣ ва рақамикунонӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки академики Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ба ҳайси аъзои Кумитаи доимии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз минтақаҳои Аврупоӣ интихоб шуданд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи “Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ” мубодилаи афкор намуданд.

Доктор Наташа Аззопарди Мускат, директори шӯъбаи стратегияҳо ва низомҳои тандурустии кишварҳо, Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар навбати худ омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо вазорат баён дошт.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тавоҳум баргузор гашт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 620
  • 1,242
  • 949,640