Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Саммит-3) баргузор гашт

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Саммит-3) баргузор гашт
Феврал 20
15:44 2024

Имрӯз, 20-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли сеюми татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Саммит-3) баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода,  муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила  ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳамзамон Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ҷаноби Озан Севимли,  ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати, Директори шуъбаи сиёсат ва системаҳои тандурустӣ, Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо хонум Наташа Азопарди, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Баъдан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода  ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки  28 декабри соли 2023  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар бахшу соҳаҳо, ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оид ба беҳтар намудани тарбияи кадрҳои тиббӣ як қатор дастуру супоришҳои саривақтӣ доданд.

Қайд гардид, ки яке аз руйдодҳои муҳим ва фаромушнашаванда дар соли 2023 барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-ин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани бинои нави вазорат мебошад. Бо ба истифода додани бинои мазкур барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат, хадамотҳои соҳавӣ ва зиёда аз 7 марказҳои ҷумҳуриявӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуд.

Яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи фаъолияти соҳа-ин такмили сохтор ва рушди заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа ба шумор рафта, ҳамасола садҳо муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар соли сипаригардида 9 қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 фармоишҳои умумиҳатмидошта оид ба рушди масъалаҳои гуногуни соҳа таҳия ва қабул карда шуданд.

Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузории соҳа афзоиш ёфта, ислоҳоти бомароми самти мазкур идома дорад.  Боиси қайд аст, ки танҳо дар соли гузашта аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 131 адад муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, 430 муассисаҳои тандурустӣ таъмир гардиданд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба маблағи 111,42 миллион сомонӣ дору ва таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ дастраси муассисаҳои соҳа карда шуд. Дастрасии таҷҳизотҳои ҳозиразамон имкон дод, ки дар самти ташхису табобат 74 навоварӣ ворид карда шавад.

Дар соли 2023 дар маҷмўъ 13717 нафар дар дохил  ва 406 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар доираи фаъолияти гурўҳҳои кории техникии амалисозии стратегия маҷмўи нишондиҳандаҳои асосии матритсаи мониторинг ва баҳодиҳии амалисозии он таҳия гардида истодааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар оянда низ ҷиҳати татбиқи самараноки стратегияи мазкур тасмим гирифтааст, ки ҳама саъю кўшиш ва захираю имконияти худро баҳри нигоҳдоштан ва пурзўр намудани иқтидори кадрии соҳа, баланд бардоштани сифат ва дастрасии кумаки тиббию иҷтимоӣ, муносибгардонии хароҷоти маблаѓҳои буҷети давлатӣ, таъсис додани инфрасохтори муосири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди системаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии давлатӣ ва хусусӣ, таъмини вазъи баланди иҷтимоии кормандони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ равона намояд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор меҳмонон низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, доир ба рафти амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ” фикру андешаи худро баён доштанд.

Баъдан оид ба “Дастовардҳо, мушкилиҳо ва дурнамои рушди хадамоти бистаринамоӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ” Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  “Беҳтарсозии маҷмӯи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, “Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, “Мукаммалсозии хизматрасонҳои тавонбахшӣ дар тамоми самтҳои хизматрасонии тиббӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, «Тақвияти система ва сиёсатҳои тандурустии кишварҳо: таҷрибаи Тоҷикистон» Наташа Азопарди, Директори шуъбаи сиёсат ва системаҳои тандурустӣ, Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо, “Саҳми шарикони рушд дар татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Виктор Олшавски, роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, “Рушди сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Саломуддин Юсуфӣ, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, “Рафти иҷрои нақшаи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2030” Бандаев Илҳом, сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, “Мукаммалсозии раванди маблағгузории устувори соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Шарипов Зайнулло, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад карданд.

Бо ҳамин ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли сеюми татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Саммит-3) ба анҷом расида, дар охир резолютсияи он қабул карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 973
  • 1,242
  • 949,993