Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Комиссия оид ба тандурустии минтақаи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумурии Мардумии Чин

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Комиссия оид ба тандурустии минтақаи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумурии Мардумии Чин
Феврал 27
17:04 2024

27-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода намояндагони Комиссия оид ба тандурустии минтақаи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сараввал меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, миннатдории роҳбарияти вазоратро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар раванди рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Мардумии Чин изҳор намуд.

Қайд гардид, ки дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 14-16 сентябри соли 2006 «Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба имзо расидааст, ки барои васеъ намудани имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ду кишвар заминаи хуб гузошт.

Дар доираи созишнома омӯзиш, такмили ихтисос дар самти бемориҳои соматикӣ ва ҷарроҳии кӯдакона, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат, дар якҷоягӣ анҷом додани 600 намуди амалҳои ҷарроҳӣ дар чашм ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади иштирок дар даврҳои омўзишӣ мутахассисони тоҷик мунтазам ба муассисаҳои табобатии кишвари Чин сафарбар карда мешаванд, ки ин барои дар оянда дар ҷумҳурӣ  истифода  бурдани  усулҳои  нави табобати беморон мусоидат менамояд.

Айни ҳол ҳамкориҳо байни сохторҳои санитарию  эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (аз он ҷумла Чин) хеле хуб ба роҳ монда шуда,  мунтазам мубодилаи тарафайн оид ба қайди ҳодисаҳои бемориҳои сироятӣ ва сар задани ҳодисаҳои бемориҳои сироятӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суҳбат намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз   доштанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 974
  • 1,242
  • 949,994