Вазъи хизматрасонӣ ба бемориҳои гемофилия дар кишвар баррасӣ гашт

Вазъи хизматрасонӣ ба бемориҳои гемофилия дар кишвар баррасӣ гашт
Март 05
09:11 2024

Вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонӣ ба беморони гирифтори бемориҳои гемофилияи А, В, С, бемории Виллебранд ва масъалаҳои ҳалталаб нисбати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи корӣ зикр гардид, ки баҳри омодагӣ ҷиҳати иҷрои банди ғайринақшавӣ ба «Нақшаи кории ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024»  фармоиши вазорат аз  29 январи соли 2024, №54 бо мақсади таҳлил ва омӯзиши вазъи муоина, ташхис, табобат, назорати диспансерӣ ва кӯмак ба гирифторони бемориҳои гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд бинобар мубрам будани масоил дар муассисаҳои тандурустии давлатии сатҳи беморхонавӣ ва шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки махсуси ба гирифторони бемориҳои гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд мувофиқи Рӯйхати бемориҳои хун, узвҳои хунофар ва ихтилолҳои алоҳидаи фарогирандаи механизми масунӣ мутобиқи рамзҳои Таснифоти байналмилалии бемориҳо ва масъалаҳои ба саломатӣ алоқаманд, боздиди даҳум (ТББ таҷдиди 10): Д66 расонида мешавад.

Дар ҷаласа ҳамзамон як қатор масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гемофилия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат  қарор дошта, инак 7 сол аст, ки  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсис додани ташкилоти мазкур-ин  ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Аз ҷумла имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон бо «криопретсипитат» ва «плазма» ба таври ройгон таъмин мегарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735