Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи модар

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи модар
Март 07
18:51 2024

Имрӯз, 7-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи модар ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои зерсохтори вазорат ва доираи васеи занону бонувони  соҳа иштирок намуданд.

Ҳамоиши идонаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми занону бонувони мамлакатро ба муносибати Рӯзи модар табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, хушбахтиву саодати рӯзгор ва дар кору фаъолияташон барору муваффақият таманно намуд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштаанд: “Мо ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Қайд гардид, ки агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Дар ҳақиқат ҳам дар баробари дигар бахшҳо, саҳми бонувони мамлакат дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ айни замон хеле назаррас буда, онҳо баҳри татбиқи сиёсати солимии Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мардон сарбаландона кору фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ, айни ҳол 71 фоиз кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро занону бонувон ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия ва мавриди амал қарор дода шуда истодааст.

Аз ин ҷост, ки дар заминаи тадбирҳои зикршуда ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд торафт афзун мегардад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки занону бонувони далеру шуҷоъ ва соҳибхиради кишвари азизамон минбаъд низ ҷавобан дастгириҳои Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон равона хоҳанд сохт.

Барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи мамлакат анҷомбахши ҳамоиши идона буд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ин санаи фархунда субҳи имрӯз аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба занону бонувони дастгоҳи марказии вазорат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732