Хатлон: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ

Хатлон: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ
Март 15
08:21 2024
14-уми марти соли равон бо мақсади шиносоии бевосита пайдо намудан аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дидан ба амал овард.
  Аснои боздиди хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои марказии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур шинос шуд.
Ҳамзамон номбурда дар муассисаҳои тандурустӣ бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос шуда, бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намуд.
 Дар идомаи боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти муассисаҳои соҳа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 905
  • 1,242
  • 949,925