Намояндагони Ҳукумат ва табибон аз ноҳияҳо барои таҳлилу омӯзиши сил ба Суғд сафарбар шуданд

Намояндагони Ҳукумат ва табибон аз ноҳияҳо барои таҳлилу омӯзиши сил ба Суғд сафарбар шуданд
Июл 28
18:33 2017

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, менеҷерони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, табибони силшинос  аз ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаи Кӯлоб ба вилояти Суғд сафарбар гардиданд. Ҳадафи ин ташаббус шиносоии гурӯҳи корӣ бо фаъолияту таҷрибаҳои беҳтарин дар самти пешгирии бемории сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) маҳсуб мешавад.

Ба назари коршиносон таҷрибаи мазкур барои дастгирии иҷтимоию равонӣ ёфтани беморони сил хусусан аз тарафи ҳукуматҳои ноҳияҳо мусоидат менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки дар вилоят барои пешгирии саривақтии бемории сил ва ВНМО мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. Яке аз фаъолиятҳои назаррас дар ин хусус таъсиси Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2015 дар ҳудуди вилояти Суғд 97 Кумитаи маҳаллии тандурустӣ ташкил гардид, ки дар онҳо 570 нафар намояндагони бахшҳои маориф, дин, занон, ҷавонон, ҷамоатҳо ва кормандони тиб аъзо мебошанд. Вазифаи онҳо дарёфт ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони сил аст. Бо ёрии аъзоёни кумитаҳои мазкур танҳо дар соли 2016 185 нафар мубталоёни сил аз байни аҳолӣ дарёфт ва ба табобат фаро гирифта шуданд. Ин гуна кумитаҳо соли 2016 аз тарафи  ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар 6 ноҳияи водии Рашт инчунин ноҳоияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Фархори минтақаи Кӯлоб низ ташкил шуда буданд.

Пас аз шиносоию омӯзиши таҷрибаҳои навоҳии вилояти Суғд акнун он дар дигар ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ фаъолият пурзӯр хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки сил бемории сироятӣ буда, агар сари вақт пешгирӣ нашавад, як бемор дар як сол ба сироятёбии тақрибан 15 нафар сабаб мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 935
  • 1,242
  • 949,955