Имрӯз, 20-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он роҳбарияти вазорат ва доираи васеи кормандрони соҳа иштирок намуданд.
Наврӯзи хуҷастапай, ки аз ҷашнҳои қадимиву мардумии тоҷикон аст, таърихан Соли нави миллӣ ба ҳисоб рафта, оғози баҳору фасли кишту кор, эҳёи табиат ва ҷашни файзу кушоишҳо мебошад. Ин иди мардумӣ асрҳо боз бо хушҳоливу фараҳ истиқбол гирифта шуда, дар он бисёр анъанаву русуми аҷдодӣ инъикос меёбад. Рушди бесобиқаи Наврӯз ба давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, маҳз дар ҳамин давра овозаву шуҳрати он дучанд гардид, таърихаш амиқан омӯхта шуд ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн бо унсурҳои ваҳдатофариниву инсондӯстонааш мақоми ҷаҳонӣ касб кард.
Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ дар вазорат гӯшаҳои наврӯзӣ ташкил гардида, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбобҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадима ва дигар ашёҳои зарурӣ ба намоиш гузошта шуданд. Бояд гуфт, ки ҳар як гӯша фарогири дастовардҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар, бозгӯкунандаи русуми аҷдодӣ ва маҳорати баланди ҳунармандон буд.
Баъд аз сайри наврӯзӣ, ки роҳбарияти вазорат ва меҳмонон гӯшаҳои наврӯзиро тамошо карда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба ҳамагон барору комёбиҳои нав ба нав таманно дошт.
Зикр гардид, ки Наврӯз – иди аҷдодии тоҷикон, пайвандгари қалбҳову кишварҳо буда, дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳанги баланди инсонпарваронаи мардуми моро муаррифӣ менамояд.
Маҷмӯан, Наврӯзи байналмилалиро аҳли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ, бо риояи анъанаҳо ва унсурҳои ниёгониаш таҷлил намуданд.
Барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру сурудҳо дар вазфи баҳору наврӯз идомабахши чорабинии идона буд.