Мусобиқаи панҷуми тенниси рӯимизӣ байни дастаҳои занона ҷамъбаст гардид

Мусобиқаи панҷуми тенниси рӯимизӣ байни дастаҳои занона ҷамъбаст гардид
Июл 31
18:40 2017

Дирӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, мусобиқаи панҷуми  тенниси рӯимизӣ байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим,   инчунин  дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба соли «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон  бахшида ба рӯзи иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.

Мусобиқа аз рӯи шартҳои ба худ хос баргузор гардида ҷойи аввал насиби Маркази саломатии шаҳрии №9-и шаҳри Душанбе гардида, ба гирифтани мақоми  дуюм  Муассисаи давлатии  «Маркази Ҷумҳуриявии илмии  хун» мушарраф гардид. Ҷойи сеюм бошад ба кормандони «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-шаҳраки “Шифобахш”сарзовор дониста шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мусобиқаҳои дигари варзишӣ идома доранд ва дар назар аст, ки 18 август, дар рӯзи таҷлили Иди касбии табибон ҷамъбаст карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 720
  • 1,242
  • 949,740