Ҷаласаи корӣ

Ҷаласаи корӣ
Апрел 02
10:45 2024

1-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 29-уми марти соли равон зимни  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ироа намуданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон вобаста ба иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷаласаи мазкур андешаронӣ сурат гирифт.

Ба сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар сохторҳои зертобеи вазорат супориш дода шуд, ки дар доираи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли равон бо ходимони дин ва фаъолони кишвар доир шуд, корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тарғиби либосу фарҳанги миллӣ байни кормандони муассисаҳои зери роҳбариашон пайваста ташкил ва баргузор намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 973
  • 1,242
  • 949,993