Чанде қабл бо мақсади баррасии масъалаҳои вобаста ба соҳаи тандурустӣ, «Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030» бо иштироки мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҷамъомад баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони идораҳои мухталифи ин ниҳод иштирок намуда масъалаҳои зикргардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар чорабинии мазкур Саида Умарзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта сухан ронда ҷиҳати ҳалли саривақтии он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон масоили мушкилоти мавҷудаи шуъбаҳои таваллудӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, пайомади мушкилоти ҷойдошта, роҳу усулҳои ҳалли онҳо, аз мавзӯъҳои дигаре буд, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди омузиш қарор гирифт.
Дар ҷаласаи зикргардида коҳиш додани фавти модару кӯдак, назорати антенаталии модарон, паст намудани хатари гузариши маризии ВМНО «ВИЧ/СПИД» аз модар ба кӯдак зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин самт ба кормандону мутахассисони идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.