Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовини ёвари маъмури USAID хонум Нидҳи Боурӣ

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовини ёвари маъмури USAID хонум Нидҳи Боурӣ
Апрел 05
10:55 2024

4-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовини ёвари маъмури Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) хонум Нидҳи Боурӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат низ иштирок доштанд.

Сараввал Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд

Аз ҷумла қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар ин ҷода бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, то соли 2025 амал менамоянд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои вазорат ва Агентии мазкур дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасманди хешро дар ин самт баён доштанд.

Инчунин дар рафти мулоқот  ҳарду ҷониб дар доираи Ташаббуси глобалии амнияти саломатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое, ки метавонанд дар доираи ин ташаббус маблағҳои бештареро ҷалб намоянд, ворид гардидааст, имкониятҳоро муҳокимаронӣ намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 550
  • 1,242
  • 949,570