Имрӯз, 22-юми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, аз 22 то 27-уми апрели соли равон давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он шомил аст, “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия”-ро таҳти шиори “Муҳофизати наслҳои ҳозира ва оянда бо роҳи гузаронидани иммунизатсия!” қайд менамоянд.
Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур-ин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки имсол 50-солагии Барномаи васеъи иммунизатсия дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Яъне, шурӯъ аз соли 1974 ҳар як давлати ҷаҳон истифодабарии барномаи мазкурро бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнин ва фавти аҳолӣ оварда мерасонанд, оғоз намуд. Бо шарофати ин барнома сол то сол сатҳи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим коҳиш ёфта истодааст.
Ҳамзамон, имрӯзҳо ҳар як давлат Барномаи миллии иммунопрофилкатикаи худро дорад, ки дар доираи амалигардонии он тамоми чорабиниҳо баҳри нигоҳдории солимию дарозумрии аҳолӣ равона карда шудааст.
Аз ин рӯ, ваксинаҳо моро ҳамчун як шахсият муҳофизат мекунанд ва барои якдигарро муҳофизат намудан низ кӯмак мерасонанд, зеро ҳар як шахси иммунизатсияшуда дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардида истодааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирӣ намудани ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати иштирок дар чорабинҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон давъат менамояд.