Вохурӣ бо ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ

Вохурӣ бо ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ
Май 02
16:45 2024

Имрӯз, 2-юми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар  зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа баргузор гардид. Дар вохурии мазкур ҳамзамон муовини вазир, сардорони як қатор раёсату  шӯъба ва дигар масъулини вазорат иштирок доштанд.

Ҳайати кормандони Хазинаи глобалиро Давран Файзан, менеҷер, Наталя Маник, мутахассис оид ба рушди устувор, давраи гузариш ва маблағгузории муштарак, Нино Мдивани, мутахассис оид ба солимии ҷамъият, мониторинг ва арзёбӣ ва Вера Профази, мутахассиси барномавӣ намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масуният ва бемории сил барои солҳои 2024-2026 дар Тоҷикистон, таъсис додани Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Хазинаи глобалӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли камбудиҳои дар раванди амалишавии грантҳои Хазинаи глобалӣ ҷойдошта баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми вохурӣ ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ аз раванди ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвият додани ҳамкориҳои минбаъдаро иброз  доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172