Вазъи хизматрасонӣ ба пиронсолон ва маъюбон беҳтар мешавад

Вазъи хизматрасонӣ ба пиронсолон ва маъюбон беҳтар мешавад
Май 08
09:37 2024
Санаи 7-уми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии «Хона- интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» ва Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд.
Ҳадаф аз ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти онҳо, суҳбати озоду ошкоро бо бошандагони чунин муассисаҳо ва дар ин замина боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба шумор меравад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати имрӯза дар Муассисаи давлатии «Хона- интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» 243 нафар бошанда, аз ҷумла 136 нафар мард ва 107 нафар зан қарор доранд.
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода бошад, айни замон 178 бошанда қарор дошта, онҳо бо шароити мусоид, ҷойи хоб, се вақт хӯроки гарм ва дигар хизматрасониҳои тиббию тавонбахшӣ таъмин мебошанд.
Гуфта шуд, ки дар ин муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри бошандагон захираи кифояи хӯрока таъмин буда, барои онҳо тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар навбати худ, зимни суҳбат бо бошандагони муассисаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки маъюбону пиронсон дар кишвар зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани шароиту зисту зиндагонии ин табақа пайваста тадбирҳои муҳиму созанда амалӣ менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо бевосита шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизмтарасонӣ ба ин табақаҳо чораҳои иловагӣ меандешад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980