Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ ҳамоиш доир гашт

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ ҳамоиш доир гашт
Май 14
16:32 2024

Имрӯз, 14-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида Рўзи байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ, ки  ҳамасола 12 май, яъне дар рӯзи таваллуди Флоренс Найтингейл қайд карда мешавад, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд, роҳбарони як қатор  муассисаи соҳавӣ ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» ҷиҳати рушду равнақ ва баланд бардоштани нуфузи кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ кўшиш ба харҷ дода истодааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш озмунҳои «Беҳтарин ҳамшираи тиббӣ»-и сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС ва “Ҳамшираи тиббии беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,154
  • 1,242
  • 950,174