Имрӯз, 21-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо ҳайати Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Америка вохурӣ намуд. Дар вохурии мазкур ҳамзамон сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Нахуст Шодихон Ҷамшед меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, вохурии мазкурро имконияти мусоид баҳри рушди ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо ин донишгоҳи бонуфӯзи ИМА арзёбӣ намуд.
Дар вохурӣ масъалаҳои пешгирӣ ва ташхису табобати беморони вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина, қайд гардид, ки яке аз стратегияҳои муассир ва камхарҷ барои коҳиш додани сирояти ВНМО ва беҳбудии саломатии мардум дар замони имрӯз-ин табобати опиоидҳои агонистӣ, ба монанди метадон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ кушиш карда истодааст, ки пеши роҳи афзоиши шумораи гирифторони бемориҳои ВНМО ва нашъамандиро дар мамлакат бигирад.
Дар вохурӣ ҳамзамон миёни мутахассисони соҳаи дахлдор ва ҳайати Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир ба пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои ВНМО ва нашъамандӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.