Баргузории якчанд мулоқотҳои дуҷониба дар доираи иштирок дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ

Баргузории якчанд мулоқотҳои дуҷониба дар доираи иштирок дар иҷлосияи 77-уми  Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ
Июн 03
13:47 2024

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 27-уми май то 1-уми июни  соли равон дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария иҷлосияи 77-уми  Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода иштирок намуд.

Дар доираи иштирок дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд мулоқотҳои дуҷонибаро анҷом дод, аз ҷумла дар Намояндагии доимии Федератсияи Россия дар назди ташкилотҳои СММ баимзорасии “Харитаи роҳ” оид ба мусоидат дар амалисозии Созишномаи байниҳукуматии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти тиббӣ ва илм сурат гирифт. Бояд қайд намуд, ки нақшаи корӣ бо муайян гаштани афзалиятҳои аввалиндараҷа таҳия гашта, он дар масъалаҳои ба роҳ мондани курсҳои дароз ва кутоҳмуддати мутахассисони тандурустӣ ва фарматсия мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, дар доираи интихоботи навбатии директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо вохурии ғайрирасмии Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари СУТ оид ба кишварҳои Аврупо бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои минтақавии аврупоии СУТ барпо гардид. Бояд қайд намуд, ки маросими интихобот  моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Копенгагени Шоҳигарии Дания гузаронида мешавад ва аз намояндагони давлатҳои аъзо  даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаи муҳим иштирок намоянд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Кумитаи генералии Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаласаҳои алоқаманд таҳти роҳбарии академик Саломудин Юсуфӣ иштирок намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 639
  • 1,242
  • 949,659