Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат
Июн 04
14:45 2024

Имрӯз, 4-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт, ки дар он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур се масъала- “Рафти иҷрои Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027 ва нақшаи амали он (марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025)”, “Баррасии рафти амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» ва  “Вазъи кумак ва хизматрасонии  пайвандсозӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ)” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба мавзӯи якуми ҷаласа, яъне “Рафти иҷрои Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027 ва нақшаи амали он (марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025)” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонзода баромад кард.

Мусаллам аст, ки ҳар як барнома ҳадафу вазифа, мақсадҳо ва натиҷаҳои интизориро дорад. Ҳадафи «Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва ба ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2023, №481 тасдиқ шудааст,  аз такмил додани раванди аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ ба Ватан баргардондани занону кӯдакон, самтҳои асосии барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ ба ҳаёти солим, бо таҳсил  ва  ҷойи кор фарогир намудан, таъминоти молиявӣ ва моддӣ, дигаргун намудани тафаккури ифротии онҳо, мунтазам тоза намудани мафкураи онҳо ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ифротӣ ва назорати доимии онҳо бо мақсади пешгирии аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо иборат мебошад.

Тавре зикр гардид, “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027” ҳуҷҷати банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ маҳсуб ёфта, натиҷаи чорабиниҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан иқдомҳои наҷиби сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондан ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии кӯдакон ва занони аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда мебошад.

Барнома ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баргардондан, барқарорсозии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳамгироии иҷтимоии занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ба Ватан баргардондашуда, ки қисми таркибии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба ифротгароӣ ва ваҳшатгароӣ мебошад, муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои мақсадҳои  болозикр равона шудааст.

Доир ба масъалаи “Баррасии рафти амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат Бандаев Илҳом маълумот пешниҳод намуд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади рушду нумуи соҳаи тандурустии вилояти Хатлон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №704 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шуд.

Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, аз 7 банд иборат буда, маблағи умумии он 1 миллиарду 316 миллиону 681 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон” то имрӯз як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар робита ба татбиқи босамари барномаи мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо мақомотҳои ҳокимиятӣ давлатӣ пурзӯр намоянд.

Оид ба “Вазъи кумак ва хизматрасонии  пайвандсозӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ)” директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв  ва бофтаҳои инсон” Суҳроб Исмоилзода  маърӯза кард.

Гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон   бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010, №344 таъсис дода шудааст.

Махусан, дар фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” илм ва таҳқиқот низ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Дар заминаи натиҷаҳои ба даст омадаи таҳқиқот кормандони марказ 1 рисолаи докторӣ ва 1 рисолаи номзадиро дифоъ карданд. Муқаррароти умумии ин рисолаҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бори аввал таҷрибаи пайвандсозии гурда аз донори зинда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун усули терапияи ивазкунандаи гурда амалӣ гардидааст. Инчунин дар доираи таҳқиқоти илмӣ бори аввал нақши пешгӯии сатҳи гормонҳои сипаршакл (гипертиреоз) дар сатҳи зинда мондани беморони гирифтори бемории музмини гурда, ки аз гемодиализи барномарез шуда мегузаранд, исбот  гардид. Патогенези таъсири гипертиреоз дар давраи баъди ҷарроҳӣ дар бемороне, ки пайвандсозии гурдаро гузаронидаанд, таҳқиқ ва таҳия карда шуд.

Дар идомаи баромади хеш  номбурда доир ба фаъолияти муассисаи мазкур, муваффақияту дастовард ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи он низ ба ҳозирин маълумот дод.

Дар охир доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 646
  • 1,242
  • 949,666