Даври якуми бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси
“Тибби оилавӣ” шуруъ гардид
Яке аз самтҳои асосии Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” беҳтар намудани шароит барои хизматрасонии босифат дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияти тиббию санитарӣ (КАТС) мебошад. Бо ин мақсад Лоиҳа дастгирии молиявиро дар самти тақвияти неруи инсонӣ, дастрас намудани базаи моддиву техникии муассисаҳо ва пешниҳоди таҷҳизоти зарурӣ ба нақша гирифтааст.
Лоиҳа дар 16 ноҳияи таҷрибавӣ мавриди амал қарор мегирад.
Баланд бардоштани сифат тавассути сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони тиб аз ҷумлаи вазифаҳои асосист.
Ин қисмат дар амал татбиқ гардидани ҳуҷҷатҳои стратегии мавҷударо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, аз ҷумла “Барномаи омодасозии кадрҳои тиббӣ то соли 2030”, “Нақшаи рушди системаи КАТС барои солҳои 2021-2025” ва ҳуҷҷатҳои дигари соҳавиро такмилу таҳким мебахшад.
Бар асоси ин механизми таҳкими тавонмандӣ ва нигоҳдории табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат дар деҳот таҳия шуда, барои тасдиқи ҳукумат пешниҳод карда мешавад.
Яке аз фаъолиятҳои асосӣ дар ҳамкорӣ бо МД Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ба роҳ мондани курсҳои омӯзишӣ мебошад. Даври якуми бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси “Тибби оилавӣ” барои табибон ва кормандони миёнаи тиббии шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои Леваканд, Ҷ.Балхӣ, Хуросон ва шаҳри Бохтар дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ”-и ҷамоати деҳоти Қизил қалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, барои табибон ва кормандони миёнаи тиббии ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Темурмалик ва Ш.Шоҳин дар заминаи “Шуъбаи байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, барои табибону кормандони миёнаи тиббии ноҳияи Данғара дар заминаи “Шуъбаи байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” дар ноҳияи Данғара, барои табибон ва кормандони миёнаи тиббии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон ва Роштқалъа дар заминаи “Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ” дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, барои табибон ва кормандони миёнаи тиббии ноҳияҳои Сангвор ва Рашт дар заминаи “Шуъбаи байниноҳиявии таълимии клиникии тибби оилавӣ” дар ноҳияи Рашт ва барои кормандони миёнаи тиббии ноҳияи Шаҳринав дар заминаи “Шуъба байниноҳиявии таълимии клиникии тибби оилавӣ” дар ноҳияи Шаҳринав аз 25 июни соли 2024 шуруъ гардида, то 25 декабри соли 2024 тибқи талаботҳои шартномаҳои ба тасвиб расида гузаронида мешавад.
Ин даври омузишӣ 43 нафар табиб ва 137 нафар корманди миёнаи тиб, дар маҷмуъ 180 нафар шунавандаро дарбар мегирад. Бозомузӣ дар ин курсҳо барои таъмини аҳолии деҳоти 16 ноҳияи зерҳадаф бо табибон ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ ва ба ин васила расонидани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.