Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

Ҷамъбасти 6-моҳаи  Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
Июл 09
16:29 2024

Имрӯз, 9 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов вобаста ба ҷамъбасти 6-моҳаи фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар соли 2024 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарифзода Шайдулло Зайдулло ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Дар идома таъкид шуд, ки масъулини соҳа бояд вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, пешгирӣ ва коҳиш додани ҳодисаҳои фавт, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, риояи одоби муошират, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ аз пештара бештар диққати ҷиддӣ ва амиқ диҳанд.

Инчунин, зимни ҷаласаи ҳисоботии раёсат қайд гардид, ки дар давраи сапаригашта чун дигар манотиқи мамлакат дар вилояти Хатлон низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид дар самти ташхису табобати шаҳрвандони мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Дар охир баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 550
  • 1,242
  • 949,570