ОЛМОН: Ҷамолиддин Абдуллозода дар 25-умин Конференсияи байналмилалӣ вобаста ба мубориза бо ВНМО иштирок намуд

ОЛМОН: Ҷамолиддин Абдуллозода дар 25-умин Конференсияи байналмилалӣ вобаста ба мубориза бо ВНМО иштирок намуд
Июл 23
17:24 2024

Имрӯз 23 июл Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Конфронси байналмилалӣ доир ба мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам, ки дар шаҳри Мюнхени Олмон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода зимни конфронс доир ба мавзӯи «Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муқовимат бар зидди ВНМО» сухан гуфта, оид ба таҷрибаҳои дар ин самт ба даст омада ба ҳозирин маълумот дод.
Аз ҷумла қайд карданд, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал тадбиқ шудаанд. Ҳамзамон айни ҳол аз рӯи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар конфронси мазкур намояндагони 175 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, то 26-уми июли соли ҷорӣ роҳҳои ҷилавгирӣ аз сирояти ВНМО-ро баррасӣ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба «Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025» мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 187
  • 1,715
  • 988,484