Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024” доир гашт

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024” доир гашт
Июл 26
17:41 2024

26 июли соли равон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020 таҳти №292 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони як қатор вазорату идора, кумита , намояндагони муассаҳои тандурустӣ, ки самти фаъолияташон ба солимии модару кӯдак, тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ равона шудааст, иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалисозии “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”-ро барои соли 2020 таҳия ва аз 10 июни соли 2020 тасдиқ намудааст.

Бояд қайд кард, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд бо қарорҳои мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Кумитаҳои роҳбарикунанда оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024» таъсис дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Барномаи мазкур имкониятҳои асосӣ барои тағйири рафтор дар давраи ҳомиладорӣ, яъне аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ то таваллуди кӯдак, ҳафтаи аввали ҳаёт (то 7-рӯзагӣ), 40 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак (8-40 рӯзагӣ), 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак (аз 1 то 6 моҳагӣ) аз 6 то 24 моҳи аввали ҳаёти кӯдак мушаххас шарҳ дода шудааст.

Барномаи мазкур барои мутахассисоне пешбинӣ шудааст, ки дар таҳия ё амалисозии барномаҳои тандурустӣ, ғизо ё беҳдошти санитарии кӯдакон дар Тоҷикистон нақше доранд, алалхусус, барои мутахассисоне, ки бо доираҳои осебпазиртарини ҷомеа кор мекунанд, вобастагии бештар дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 212
  • 1,715
  • 988,509